6 Ноябр 2023 - 16:55
Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар афзоиши фишорҳои сиёсӣ ба Амрикову режими саҳюнистӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар афзоиши фишорҳои сиёсии дунёи Ислом ба Амрикову режими саҳюнистӣ барои таваққуфи куштори мардуми Ғазза гуфтанд: Кишвари Ироқ ба унвони як кишвари муҳим дар минтақа метавонад дар ин замина нақши вижае дошта бошад ва як хати ҷадидро дар дунёи арабу ҷаҳони Ислом ба вуҷуд биоварад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи душанбе дар дидори Муҳаммадшайёъ Ассудонӣ, нахуствазири Ироқ ва ҳайати ҳамроҳ, бо қадрдонӣ аз мавозеи хубу қавии давлату миллати Ироқ дар ҳимоят аз мардуми Ғазза, ба авзои риққатбори Ғазза ва ҷариҳадор шудани дилҳои ҳамаи инсонҳои озода аз ин ҷиноёту қасоватҳо ишора карданду афзуданд: Аз ҳамон рӯзҳои аввали ҳамалоти режими саҳюнистӣ тамоми қароину шавоҳид нишондиҳандаи дахолати мустақими амрикоиҳо дар идораи ҷанг аст ва ҳар чӣ аз ин ҷанг мегузарад, далоили нақши мустақими Амрико дар ҳидояти ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ қавитару пуррангтар мешаванд. Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки агар кумакҳои таслеҳотиву сиёсии Амрико набошад, кор барои режими саҳюнистӣ қобили идома додан нахоҳад буд, гуфтанд: Амрикоиҳо ҳаққан ва инсофан шарики ҷурми саҳюнистҳо дар ҷиноёти Ғазза ҳастанд. Эшон таъкид карданд, бо вуҷуди ҳамаи кушторе, ки дар Ғазза анҷом мешавад, режими саҳюнистӣ то алон шикастхӯрдаи воқеӣ дар ин моҷаро аст, зеро натавониста обрӯи аз дастрафтаи худро бозгардонад ва дар оянда ҳам қодир ба ин кор нахоҳад буд. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар талоши ҳамаҷониба барои афзоиши фишорҳои сиёсӣ ба Амрикову режими саҳюнистӣ ба манзури таваққуфи бомбаборонҳо дар Ғазза гуфтанд: Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ироқ бо ҳамоҳангии якдигар метавонанд дар ин замина нақшофарин ва таъсиргузор бошанд. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрону Ироқ дар заминаҳои иқтисодиву амниятӣ фармуданд: Бояд муроқиб буд, пайгирии тавофуқҳо бо ҳамон ангезаи аввалия идома ёбаду дучори кундӣ нашаванд. Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин аз мардуму давлати Ироқ ва шахси нахуствазири ин кишвар бобати меҳмоннавозӣ ва хадамотрасониву барқарории амният дар айёми Арбаини Ҳусайнӣ қадрдонӣ карданд.

342/